Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқидҳо аз ҳамлаҳо болои сафоратҳои Белград


ИМА ҳодисаи оташзании сафорати худ дар Белградро маҳкум кард ва гуфт, аз он ки полис барои гирифтани пеши роҳи ин амал коре накардааст, нохушнуд аст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Шон Маккормак дар як нишасти хабарии Вашингтон дар ин замина гуфт:

"Асли масъала ин аст, ки дар лаҳзаҳои наздикшавии тазоҳургарон ба сафорати мо шумори нирӯҳои амниятӣ нокофӣ буд".

Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳоро болои сафорати ИМА ва дигар давлатҳои ғарбӣ шаби панҷшанбе маҳкум кард. Ҳамлаҳои мазкур дар пайи намоиши эътирозии серҷамъият дар Белград алайҳи эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово ва барасмият шинохта шудани он аз ҷониби як идда давлатҳои ғарбиву аврупойӣ сурат гирифт. Иттиҳодияи Аврупо имрӯз аз Сербистон хост, ки барои ҳимояти намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дар қаламраваш кори бештар анҷом диҳад. Ҳавер Солана, раҳбари сиёсати хориҷӣ дирӯз гуфт, ки хушунатҳои охир метавонад дар равобити дуҷонибаи миёни Сербистону Иттиҳодияи Аврупо ва дар сатҳи музокираҳои онҳо таъсиргузор бошад. Дар ҳамин ҳол, гузоришҳои аз Белград расида аз ором шудани вазъ гувоҳӣ медиҳад.

XS
SM
MD
LG