Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сарони кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд шурӯъ шуд


Имрӯз дар Маскав раҳбарони кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд дар як нишасти ғайрирасмӣ иштирок мекунанд. То ҳол барномаи мушаххаси мавриди баррасии ин ҳамоиш эълон нашудааст, аммо нашрияҳои русӣ гузориш медиҳанд, ки дар меҳвари гуфтугӯҳо мавзӯи ҳамкориҳои энержӣ ва сиёсати муҳоҷират қарор гирифтааст. Дирӯз дар остонаи ин нишаст, раҳбари Русия Владимир Путин бо ҳамтоёнаш аз Гурҷистон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон мулоқот кард. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст аз бӯҳрони энержии Тоҷикистон лаб кушод ва гуфт, ки мизони хисороти ворида ба кишвар дар пайи сармоҳои шадиди имсола як миллиард доллар ҳисоб шудааст.
XS
SM
MD
LG