Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Aeroflot Open»-2008: Ф. Амонатов – алҳол 7-ум


Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов
Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов

Шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар 6-умин давраи ҷашнвораи шатранҷи «Aeroflot Open» як давр қабл аз анҷоми он байни 7 пешсафи мусобиқа қарор дорад.

Ин мусобиқоти анъанавии байнулмилалии шатранҷ дар шаҳри Маскав, пойтахти Федеросюни Русия, ҷараён дорад. Бузургустод (гроссмейстер) Фаррух Амонатов дар гурӯҳи «А1», ки ба он 64 шатранҷбози беҳтарини мусобиқот шомиланд, пеш аз даври охирин 5 имтиёз ба даст овардааст. Вай ягон бозиро ҳанӯз набохтааст ва дар 2 бозӣ пирӯз шуда, 6 бозиро мусовӣ анҷом додааст.
Дар ин гурӯҳ бузургустоди ҷавон Ян Непомняший аз Русия бо 6,5 имтиёз дар ҷои аввал мебошад. Алексей Дреев ва Александр Мотилёв, ҳарду аз Русия, бо 6-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Се нафари дигар – Андрей Волокитин, аз Укроин, Қодир Гусейнов, аз Озарбойҷон, ва Максим Родштейн, аз Исроил – 5,5-имтиёзӣ ба даст овардаанд.
Бузургустоди тоҷик Фаррух Амонатов, ки феълан бо 5 имтиёз дар радифи 7-ум қарор гирифтааст, дар даври охирини мусобиқот бо шатранҷози ветномӣ Гюанг Лием Ли бозӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол сабқати гурӯҳи «В» (134 нафар) ба охир расид. Дар ин гурӯҳ Тоҷикистонро 2 нафар – устоди дараҷаи байнулмилалӣ Анвар Назаров ва шатранҷбози ҷавону болаёқат Соиб Ҷӯраев намояндагӣ мекарданд. Дар ҷамъбаст Анвар Назаров бо 5 имтиёз дар ҷои 41-ум ва Соиб Ҷӯраев бо 3,5 имтиёз дар ҷои 107-ум қарор гирифтанд.
Дар ин гурӯҳ 7 нафар аз 9 бозӣ 7-имтиёзӣ ба даст оварданд ва аз рӯи натоиҷи иловагӣ Булат Мирзонуров (Русия) ҷои аввал, Давид Калашян (Арманистон) ҷои дуввум ва Чен Ванг (Чин) ҷои севумро касб карданд.
XS
SM
MD
LG