Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Амният ҳамлаҳои Белградро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ ҳамла болои сафорати ИМА ва намояндагиҳои дипломатии дигар кишварҳо дар шаҳри Белградро маҳкум кард. Сафири Панама дар СММ Рикардо Алберто Ариас, ки раҳбарии даврии Шӯрои Амниятро бар дӯш дорад, гуфт:
"Аъзои Шӯрои Амнияти СММ бо лаҳни шадидтарин ҳамла болои сафоратҳо дар Белградро маҳкум мекунад. Дар натиҷаи ин ҳамла биноҳои сафоратҳо зиён дида, ҳаёти ходимон дар хатар гузошта шуд. Шӯрои амнияти СММ усули зербиноии фаъолияти намояндагиҳои дипломатиро хотирнишон намуда, бар пояи эъломияи соли 1961, ки дар Вена ба имзо расидааст, талаб дорад, иқдомҳои хос барои ҳифзи сафоратҳо андешида шаванд."
Ариас ба кӯшишҳои эҳёи назму субот, ки аз тарафи мақомоти Сербия роҳандозӣ шудааст, баҳои баланд дод.
XS
SM
MD
LG