Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2011 нерӯҳои Канада аз Афғонистон мебароянд


Ҳукумати ақаллияти муҳофизакори Канада тақозои калидии мухолифинро пазируфта, барномаи беруншавии сарбозони ин кишвар аз Афғонистон дар соли 2011-умро муаррифӣ намуд. Тибқи ин барнома беруншавии сарбозон бидуни тамдид дар моҳи июли соли 2011-ум оғоз ёфта, дар моҳи декабри ҳамон сол ба поён мерасад. Ин созиш хавфи интихоботи пешазмӯҳлат дар Канадаро коҳиш медиҳад. Дар вилояти Қандаҳори Афғонистон 2500 афсару сарбози Канада мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG