Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҳамла дар бинои сафорати ИМА ҷасаде ёфт шуд


Сухангӯи сафорати ИМА дар Белград мегӯяд, баъди ҳамлаи эътирозгарон дар бинои сафорати Амрико як ҷасад ёфт шуд. Ба қавли намояндаи сафорат зоҳиран ин ҷасади яке аз эътирозагрон аст.
Ҳамла болои сафорати ИМА дар Белград дар поёни гирдиҳамоӣ бар зидди истиқлоли Косово ба вуқӯъ пайваст.
Эътирозгарон биноро оташ заданд, вале полис онҳоро ба ақиб партофт.
Президенти Сербия Борис Тадич аз эътирозгарон талаб кард, ки зӯровариро бас кунанд:
"Ин даъват аз тамоми шаҳрвандони кишварамон аст, ки эътирозро ба таври осоишта идома диҳанд. Ман аз ҳар касе, ки дар хушунатҳо шарик аст ва дар ҳамла болои сафоратҳои хориҷӣ ва кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзад, дархост мекунам, ки аз кӯчаҳо берун шаванд ва ҳамлаҳоро қатъ намоянд. Ин аъмол ба дифои Косово ва ё ҳифзи тамомияти мо ва эътибори мо кумак намерасонанд. Ин аъмол Косовово аз Сербия канор мекашанд."
ИМА ва як идда кишварҳои боэътибори аврупоӣ истиқлоли Косоворо ба расмият шинохтаанд. Вале Сербия ва аҳолии сербтабори Косово эъломияи истиқлоли ин кишвар аз 17-уми февралро қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG