Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати ИМА дар Белград бо ҳамла мувоҷеҳ шуд


Дирӯз дар шаҳри Белград аснои гирдиҳамоӣ бар зидди истиқлоли Косово гурӯҳе аз эътирозгарон бинои сафорати ИМА-ро оташ зад.
Гурӯҳи сӯхторнишонӣ оташро хомӯш кард. Бинои сафорат маҳкам буд ва пеш аз оғози гирдиҳамоӣ дару тирезаи сафорат тахтапӯш шуда буданд.
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА шон Маккормак изҳор намуд, ки ҳангоми ҳамла ходимон дар сафорат набуданд.
Тибқи гузоришҳои расида эътирозгарон ба биноҳои сафорати Хорватия ва як ошхонаи Макдоналдс низ зиён расондаанд.
Камаш 30 нафар ва аз ҷумла афсарони полис, ки ба эътирозгарон муқовимат карданд, ҷароҳат бардоштаанд.
Тахмин мешавад, ки дар гирдиҳамоӣ камаш 150 000 кас ҳузур доштанд.
Сарвазири Сербия Войислав Коштунитса дар паёме ба гирдомадагон гуфт:
"Бародарони мо дар Косово танҳо нестанд ва онҳоро фаромӯш накардаанд. То замоне, ки мо лаҳни зарбулаҷалро рад мекунему дар иҳотаи дӯстон мебошем, Сербия озод аст. Ӯҳдадориҳо гирифта шудаанд, сухани моро аҳли олам шунид, Ҳама шиддати паёми Сербияро медонанд. Косово Сербия аст!"
Ҷудо аз гирдиҳамоӣ дирӯз дар яке аз калисоҳои ортодокси Белград ба ин муносибат ибодат доир шуд.
Дирӯз гурӯҳи дигари эътирозгарон аз Сербия серб саъй намуд ба хоки Косово ворид шавад, вале полиси Косово ба онҳо иҷозати вуруд надод.
Дар шаҳри Баня Лукаи Босния бошад, эътирозгарони серб ба тарафи полис санг партофтанд. Дар ҷавоб полис бо истифода аз гази ашковар онҳоро пароканда кард.
XS
SM
MD
LG