Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико моҳвораи дар коинот азкормондаро нобуд кард


Вазорати дифоъи Амрико бовар дорад, мушаке, ки барои хароб кардани моҳвораи азкормондааш аз як киштии ҷангӣ партоб шуд, ҳадафи аслӣ, яъне махзани сӯзишвории заҳрноки онро нобуд кардааст.

Ин мушак аз киштие аз уқёнуси Ором партоб шуд, то моҳвораи баробари автобуси мусофиркашро дар баландии 247 километр нобуд кунад. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Амрико 48 соати дигар зарур аст, то дақиқ муаян шавад, ки зарфи сӯзишвории заҳрноки моҳвора, ки ҳадафи аслӣ ҳамон аз байн рафтааст ва ё на.

Давлати Русия мегӯяд, таҳти ин амалиёт, вазорати дифоъи Амрико метавонад, силоҳи нави кайҳониро озмоиш кунад. Чин аз Амрико хост, ҳарчӣ зудтар роҷеъ ба ин амалиёташ иттилоъ диҳад.

XS
SM
MD
LG