Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як фармондеҳи Толибон кушта шуд


Мақомоти вазорати дифоъи Афғонистон мегӯянд, дар як амалиёти муштарак бо нерӯҳои махсуси хориҷӣ 30 ҷангҷӯи Толибро нобуд карданд. Ин амалиёт бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоӣ дар ҷануби вилояти Ҳилманд сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вазорати дифоъи Афғонистон дар ҷараёни амалиёти панҷсоата, як фармондеҳи Толибон Мулло Абдулборӣ кушта шудааст. Ҳамчунин 11 ҷангҷӯи Толибро дастгир кардаанд. Касе аз сарбозони хориҷӣ ва ё афғон дар ин амалиёт осеб надидааст.

XS
SM
MD
LG