Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳпаймоии сербҳо бар зидди истиқлолияти Косово


Интизор меравад, ки соате баъд дар пойтахти Сербистон шаҳри Белград як раҳпаймоии бузурге ба зидди эъломи истиқлолияти Косово баргузор шавад.

“Раҳпаймоии мардумӣ” бо ҳимояти ҳукумат баргузор мешавад ва қарор аст дар он нахуствазири Сербистон Воислав Коштунитса ва раиси ҷумҳур Борис Тадич мардуми тазоҳургарро ба оромиву хештандорӣ даъват кунанд.

Айни ҳол Борис Тадич имрӯз ба Руминия сафар мекунад, ки яке аз чанд узви камшумори Иттиҳодияи Аврупо аст, ки аз ба расмият шинохтани Косово сарпечӣ мекунад. Косово, ки як вилояти умдатан албанишин ва ҷудоиталаби Сербистон буд, рӯзи 17 феврал худро мустақил эълом кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG