Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги нави FIFA: Тоҷикистон – дар ҷои 142


Зепп Блаттер, президенти FIFA
Зепп Блаттер, президенти FIFA

Федеросиюни байнулмилалии футбол – FIFA – феҳрист-рейтинги навини дастаҳои миллии кишварҳои ҷаҳонро нашр кард.

Тоҷикистон дар ин феҳрист боз як зина поинтар – ба радифи 142-вум – рафт ва алҳол миёни 45 дастаи мунтахаби қорраи Осиё дар мақоми 25-ум қарор гирифтааст. Тоҷикистон дар ин феҳрист байни кишварҳои Осиёи марказӣ пас аз Узбакистон (68-ум), Қазоқистон (110-ум), Туркманистон (135-ум) ва Қирғизистон (137-ум) ҷойгир шудааст.
Зимнан, миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди шӯравӣ низ Тоҷикистон дар зинаи охирин қарор дорад. Миёни ин кишварҳо Русия дар ҷои аввал ва дар феҳристи умумӣ дар радифи 22-вум ҷойгир шудааст. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дувум ва дар ҷаҳон 32-вум мебошад. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ дар «феҳристи худӣ» ва мутаносибан феҳристи FIFA чунин аст: 3. Молдова (49), 4. Литва (55), 5. Беларус (62), 6. Узбакистон (68), 7. Латвия (72), 8. Гурҷистон (80), 9. Арманистон (81), 10. Қазоқистон (110), 11. Озарбойҷон (122), 12. Эстония (125), 13. Туркманистон (135), 14. Қирғизистон (137), 15. Тоҷикистон (142).
Дар садри феҳристи нави FIFA дастаи миллии Аргентина қарор гирифтааст. Бразил – дувум ва Итолиё, қаҳрамони феълии ҷаҳон, дар ҷои севум мебошанд. Миёни 10 тими беҳтарини ҷаҳон инчунин Испониё, Олмон, Ҷумҳурии Чех, Фаронса, Португол, Ҳуланд ва Юнон ҷойгир шудаанд.
Дар ҳамин ҳол 10 тими беҳтарини Осиё инҳоанд: Жопун, Австралия, Эрон, Куриёи ҷанубӣ, Арабистони саъудӣ, Узбакистон, Ироқ, Чин, Баҳрайн ва Тайланд.
XS
SM
MD
LG