Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғончӣ: хурӯҷи бесобиқаи домана!


Дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд домана ё бемории шадиди рӯда хурӯҷ кардааст, ки дар пайи он дастикам 17 кас ба ин марази хавфнок мубтало шуданд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба ноҳияи Ғончӣ ҷиҳати рафъи хурӯҷи домана дорувор ва маводди иттилоъотӣ фиристод. Ба ин мақсад ҶҲАТ ба ҷамоъатҳои деҳоти Овчӣ ва Калининободи ин ноҳия 48 000 қурси хлордори дору ва 3000 нусха матолиби иттилоъотӣ фириятод.
Дар ҳамин ҳол Маҳбуба Аҳророва, сардори шуъбаи тиббӣ-иҷтимоъии ҶҲАТ, чунин шарҳ дод: «Мутобиқи дархости касалхонаи марказии ноҳияи Ғончӣ, дар назди Касалхонаи марказии кишвар як кумисиюни изтирорӣ оид ба муайян кардани сабабҳои хурӯҷи ин беморӣ дар ноҳия таъсис ёфт. Бино бар иттилоъи ситод, дар ҳоли ҳозир бо шубҳаи мубтало будан ба ин бемории вазнин 17 кас дар касалхонаи марказии ҷумҳурӣ хобонида шуданд».
Ӯ ҳамчунин шарҳ дод, ки доруҳои фиристодашуда барои безарар намудани оби ошомиданӣ ба сокинони минтақа мусоъидат хоҳад кард, маводди иттилоъотӣ бошад ба мардум дар чунин шароит аз ҷиҳати беҳдоштиву санитарӣ амал карданро меомӯзад.
Феълан дар ҷамоъатҳои мазкур ҷиҳати пешгирии паҳншавии домана ва таҳқиқи ашхоси бо маризон тамосгирифта 6 ҳайъати табибону парасторон амал мекунад.
XS
SM
MD
LG