Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як миллиард доллар аз маводи мухаддир


Сандуқи байналмилалии пул (IMF) изҳор намуд, ки соли 2007 кишоварзони афғон аз ҳисоби истеҳсоли афюн 1 миллиард доллар ба даст оварданд.

Ин маблағ аз даромади бахшҳои дигари кишоварзии Афғонистон бештар аст.

Сандуқи байналмилалии пул навиштааст, ки соли 2007-ум дар Афғонистон истеҳсоли солонаи афюн ба 8200 тонна расид. Ин дар ҳолест, ки соли 2001-ум дар Афғонистон 185 тонна афюн истеҳсол шуда буд.

Сандуқ мегӯяд, ҳоло Афғонистон 93% таъминоти ҷаҳонии афюнро бар ӯҳда дошта, бузургтарин содиркунандаи афюн дар ҷаҳон аст. Соли 1995 дар Афғонистон 52% афюни саросари олам тавлид мешуд.

Муаллифони гузориши Сандуқи байналмилалии пул таъкид мекунанд, ки аз замони фурӯпошии ҳукумати Толибони афғон дар соли 2001-ум кӯшишҳои зери назорат даровардани истеҳсоли афюн дар Афғонистон натиҷаи назаррас наовардаанд.

XS
SM
MD
LG