Пайвандҳои дастрасӣ

«Вахш» - дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон


Дастаи футболи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон, ки рӯзи 21-уми феврал дар шаҳри Ишқобод шурӯъ шуд, ширкат меварзад.

14-умин давраи ин мусобиқот бо ширкати 10 даста аз 7 кишвар – Туркманистон, Эрон, Тоҷикистон, Арманистон, Қирғизистон, Русия ва Туркия – дар се гурӯҳ дар варзишгоҳҳои «Чандибил-Нисо» ва «Олимпӣ» сурат гирифтааст.
«Вахш» дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби ҷавонони Эрон, қаҳрамони Туркманистон дастаи «Ишқобод» ва «Небитчӣ», барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, қувваозмоӣ мекунад.
Ба гурӯҳи «А» ҳайъати дувуми «Рубин» (Қазон, Русия), МТТУ, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Туркманистон, ва дастаи «Дордой-Динамо», қаҳрамони Қирғизистон, шомиланд. Се тими дигар – «Мика», барандаи ҷоизаи севуми мусобиқоти қаҳрамонии Арманистон, тими мунтахаби бошгоҳҳои футболи Туркия ва дастаи «Шагадам», барандаи Ҷоми Туркманистон, – дар гурӯҳи «В» рақобат мекунанд.
Бар асоси низомномаи ин мусобиқот, дастаи ғолиби гурӯҳи «С» ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад. Дастае, ки дар гурӯҳи «С» ҷои дувумро мегирад, барои дарёфти ҷоизаи севум талош хоҳад кард. Ғолибони гурӯҳҳои «А» ва «В» барои дарёфти роҳхат ба бозии ниҳоӣ, ки 29-уми феврал баргузор мешавад, байни худ рақобат мекунанд. Дастаи мағлуб барои ҷои севум талош меварзад.
Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 35 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон соҳиби 20 000 доллар мешавад. Ба дастае, ки мақоми дувумро касб мекунад, 10 000 доллар ва ба тиме, ки дар мақоми севвум қарор мегирад, 5 000 доллар супурда мешавад.
Воқиъан, дастаи «Парвоз» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон) соли 2005 ҷоизаи севуми ин мусобиқотро ба даст оварда буд. Ва ин беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон мебошад.
Дар мусобиқоти мазкур 10 маротиба Ҷом ва ҷоизаи аввалро мизбонон ба даст овардаанд. Аз ҷумла, тими «Нисо»-и Ишқобод аз ҳама бештар – чаҳор бор (1999, 2003-2005) Ҷоми мусобиқотро ба даст овардааст. Дастаи «Копетдоғ»-и Ишқобод (солҳои 1995 ва 2001) ва тими мунтахаби бошгоҳҳои Туркманистон (солҳои 1996 ва 1997) дуборӣ, дастаи мунтахаби футболи шаҳри Ишқобод (2000) ва МТТУ (2007) якборӣ дар ин мусобиқот пирӯз шудаанд. Се бор Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистонро меҳмонон – «Истиқлол»-и Эрон (соли 1998), «Торпедо» (Кутаисӣ, Гурҷистон) дар соли 2002 ва «Дачия» (Кишинёв, Молдова) дар соли 2006 ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG