Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зуҳури маразҳои сироятии нав дар ҷаҳон


Муҳаққиқони амрикоӣ ошкор кардаанд, ки солҳои ахир бемориҳои сироятии нав ҳарчи бештар пайдо мешаванд.

Онҳо манотиқеро мушаххас намудаанд, ки, ба истилоҳ, барои зуҳури микробҳои нав мувофиқанд.
Муаллифи таҳқиқоти махсус Питер Дасзак мегӯяд, бояд ба он маконҳо тавваҷуҳ кард, чун шояд маҳз дар ҳамон манотиқ беморие наве ба мисли вируси норасоии масунияти бадан ва ё HIV/AIDS пайдо шавад. Питер Дасзак мудири созмони ҳифзи олами набототу ҳайвонот аст, ки таҳқиқот роҷеъ ба бемориҳои қадимиву нави сироятӣ бо мусоидати он анҷом шудааст.
Коршиносон пажӯҳиши мазкурро гузориши мукаммале номидаанд, ки пайдоиши бемориҳо дар гузашта таҳқиқ ва имкони пайдоиши бемориҳои навро пешбинӣ кардааст. Муҳаққиқон ошкор кардаанд, ки аз соли 1940 то соли 2004 дар маҷмӯъ 335 навъи бемориҳои нави сироятӣ пайдо шудаанд. Сипас онҳо ба ангезаву шароити пайдоиши онҳо назар андохтаанд, ки чӣ сабаб мешавад, то ингуна бемориҳо зуҳур намуда ва доман паҳн кунанд.
Баъзе аз бемориҳои нав аз микробҳои ношинос барои инсон ба вуҷуд омадаанд, аммо баъзеи дигар – аз микробҳои қадимие, ки дар баробари доруҳо муқовиматпазир шудаанд.
Ингуна маворид дар даҳсолаҳои гузашта афзоиш ёфтааст. Масалан, дар соли 1940 – 23 дар соли 1980 – 103 навъи нави беморӣ ва дар соли 1990 бошад 98 навъи нави бемориҳо пайдо шудаанд.
Баъзе аз бемориҳо аз олами ҳайвонот пайдо мешудаанд, онгуна ки бемории HIV/AIDS аз маймуни шимпанзе ба инсонҳо сироят кардааст. Ба гуфтаи донишмандони амрикоӣ, маҳалҳои беморихези Осиёи шарқӣ, Амрикои марказӣ, Африқои ҷанубӣ нимҷазираи Ҳинд, Аврупои ғарбӣ ва баъзе аз ноҳияҳои сераҳолии Африқои шимолӣ будаанд. Чаро ин минтақаҳо? Барои онки хатари афзоиши бемориҳои нав дар маҳалҳои сераҳолӣ ва олами аз набототу ҳайвонот ғанӣ мушоҳида мешудааст.
XS
SM
MD
LG