Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи бостонии абрешим барқарор мешавад


Мақомоти расмии 19 кишвари Осиёӣ ва Аврупоӣ, аз ҷумла Чину Ирон ва Руссияву Туркия имруз дар мулоқоти Женев гуфтанд, ки бояд роҳи бостонии абрешим барқарор шавад. Ин роҳ аз 2 ҳазор соли пеш вуҷуд доштааст ва Аврупову Осиё аз ин роҳ байни ҳам тиҷорат мекардаанд. Кишварҳои мазкур барои барқарории ин роҳ як тарҳи 43 милярд доллариро имзо кардаанд. Ба ин тарҳ васеъ кардани роҳҳо, пайваст кардани хатҳои роҳи оҳан ва муносиб сохтани посгоҳҳои гумрукиву марзии байни кишварҳо шомил мешавад.
XS
SM
MD
LG