Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳ. Азимов, мудири собиқи комбинати мурғпарварии ноҳияи Рӯдакиро, ба итмом расонидааст.

Дар инҷо гуфтанд, ки ин ниҳод феълан дар садади ирсоли парвандаи мазкур ба додгоҳи олии кишвар мебошад.
Дар тобистони соли 2007-ум мақомоти додситонӣ Ҳасан Азимовро бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замини атрофи корхонаи мурғпарварӣ дар деҳаи Зайнабобод боздошт ва алайҳи ӯ парванда боз карда буданд. Дар натиҷа, додситонии кулл тасмим гирифт, ки манозили дар деҳаи Зайнабобод бунёдшударо тахриб созад, чун ин заминҳо, ба ақидаи он, ғайриқонунӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.
Ин тасмими додситонӣ ғазаби сокинони деҳаи Зайнабободро барангехт ва онҳо ба нишони эътироз аз тахриби манозили худ дар назди сохтмони Кохи раёсати ҷумҳурӣ таҷаммуъ карда буданд.
Дар додситонии кулли Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфтанд, гурӯҳи тафтишотӣ даст доштани Ҳ. Азимов дар фурӯши ғайриқонунии замин дар деҳаи Зайнабободро собит кардааст. Ба қавли ҳамин манбаъ, Ҳасан Азимов 73 ҳектор заминро бар ивази 500 000 сомонӣ, муодили 145 ҳазор доллари амрикоӣ, ба мардум фурӯхтааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон
Ба ҳисоби додситонии кулли Тоҷикистон, хисороти молии сокинони деҳаи Зайнабобод, ки бо миёнҷигарии Ҳ. Азимов соҳиби замин шудаанд, дар ҳамин ҳол ба 8 миллион сомонӣ ($ 2 312 000) мерасад. Додситонӣ тасмим гирифтааст, ки ин маблағро ба сокинони Зайнабобод аз ҳисоби раиси пешини корхонаи паррандапарварии Рӯдакӣ бармегардонад, аммо онҳо аз манозили зисташон, ки дар инҷо бунёд кардаанд, маҳрум хоҳанд шуд.
Тақрибан дар 20 ҳектор замини деҳаи Зайнабобод ҷамъан 391 манзили истиқоматӣ бунёд гардидааст, аммо дар моҳи июни соли 2007-ум Додситонии кулли Тоҷикистон амр кардааст, то ин хонаҳо тахриб ва ба ҳоли пешина баргардонида шаванд. Гулчеҳра Бобоҷонова, яке аз муътаризини деҳаи Зайнабобод, мегӯяд, ҳанӯз 7 соли қабл ҳуҷҷати манзилашро аз миёнаравони Ҳасан Азимов, раиси корхонаи паррандапарварии Рӯдакӣ, харидорӣ кардааст, аммо бо гузашти солҳо акнун аз забони мақомот мешунавад, ки он тақаллубӣ будааст: «Чаро мақомот қаблан дар ин бора моро дар ҷараён нагузоштанд?! Ҳоло мегӯянд, ки санадҳоятон тақаллубиянд. Ин бедодист. Барои сохтмони манзил маблағи зиёде сарф кардаем, хӯрандаҳои зиёд дорему дигар ҷои зист надорем. Акнун пас аз тахриб кардани хонаҳоямон куҷо меравем? Мо ин заминҳоро харидаем ва барои истифодаи он ҳақ дорем…»
Дар ҳоле ки сокинони Зайнабобод мегӯянд, барои сохтмони манзил асноди зарурӣ доранд ва тайи чанд сол дар ин мавзеъҳо ба сар мебаранд, додситонӣ иддао дорад, ки ин хонаҳо муғойир ба қонун бунёд шудаанд ва маблағи зарарро мебояд аз Ҳасан Азимов, раиси пешини корхонаи паррандапарварии Рӯдакӣ, ситонид. Додситонии кулл иддао дорад, ки Ҳасан Азимов тавони бозпардохти 8 миллион сомонӣ маблағи зарарро ба сокинони фиребхӯрдаи Зайнабобод дорад, чун соҳиби моликияти зиёд будааст.
Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеъи Ҳ. Азимов дар вокуниш ба иттиҳомоти додситонӣ изҳороте намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG