Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеъи Обама ва Мак Кейн барои номзадӣ устувор шуд


Дар Амрико Барак Обама ва Ҷон Мак Кейн ба марҳалае наздик шудаанд, ки имкон пайдо мекунанд ба унвони номзади ҳизби худ дар интихоботи моҳи ноябри раёсати ҷумҳурии Амрико ширкат варзанд. Обама пайдарҳам дар даҳ интихоботи аёлатӣ бар рақиби ҳизбии худ Ҳилларӣ Клинтон пируз шуд. Пирузии ниҳоӣ ва қавӣ дар аёлатҳои Ҳавайӣ ва Висконсин ба вай даст дод. Дар ин ду аёлат ҷавонон бештар дар корзори интихоботии Борак Обама ширкат доштанд. Обама хитоб ба ҷонибдоронаш чунин гуфт:
"Мушкиле, ки имруз мо дар Амрико бо он ру ба руем, набуди идеҳои хуб нест. Ин Вошингтон аст, ки ба маҳалли маҳви идеҳои хуб табдил ёфтааст".
Аз Ҳизби Демократ дар Висконсин Ҷон Мак Кейн ба силсилапирузиҳои худ таҳким бахшид.
XS
SM
MD
LG