Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои пируз ҳамкорӣ бо Мушаррафро намехоҳанд


Парвиз Мушарраф-раиси ҷумҳури Покистон гуфтааст, ки вай аз мақоми худ истеъфо нахоҳад дод, бо вуҷуди он ки ҳизби ҷонибдори вай дар интихоботи сартосарии порламонӣ мағлуб шудааст. Вай дар мусоҳибае бо рузномаи "Wall Street Journal" таъкидомез гуфтааст, ки вай омода аст бо ҳар ҳизбе, ки ҳукумат ташкил мекунад, ҳамкорӣ дошта бошад. Ҳизби Беназир Бҳутто-яке аз нахуствазирони собиқ, ки дар суиқасде кушта шуд ва ҳизби Навоз Шариф-нахуствазири собиқи дигар дар интихоботи рузи душанбе бештарин шумораи райҳоро ба даст овардаанд. Навоз Шариф аз Парвиз Мушарраф хостааст, ки аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо диҳад, дар ҳоле, ки ҳизби хонум Бҳутто гуфтааст, ки майли ҳамкорӣ бо Парвиз Мушаррафро надорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG