Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиён ва рӯзномаи форсизабон таъсис меёбад


Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе эълон кард, ки омодагӣ ба ташкили шабакаи телевизиёнии форсӣ барои кишварҳои форсизабон дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд.

Вай гуфт, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархост кардааст, ки намояндаи кишвари худро барои оғози корҳои тадорукотӣ пешниҳод кунад. Ба гуфтаи вай, ин шабакаи форсизабон, ки дар бораи таъсиси он соли 2006 раҳбарони се давлати форсизабон, яъне Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон тасмим гирифта буданд, шабакаи фарҳангӣ хоҳад буд ва дафтари марказии он берун аз хоки ин се кишвар, шояд дар Аврупо, ҷой дода шавад.

Алиасғар Шеърдӯст гуфт, кишвараш ҳамчунин нашри як рӯзномаи рангаи форсизабон барои ин се кишварро роҳандозӣ мекунад ва умедвор аст, ки ин пешниҳод аз сӯи кишварҳои ҳамзабон мавриди истиқбол қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG