Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон Порламони иҷтимоъӣ ташкил шуд


Имруз дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон порламони ба истилоҳ алтернативии иҷтимоъӣ нахустин иҷлосияи худро баргузор кард. Абдуғанӣ Эркебиев-раиси порламони собиқ ва яке аз раҳбарони ҳизби оппозитсиюнии Тоза Қоом, яъне Тоза Қавм ё Ҷомеъаи Тоза раиси ин порламони иҷтимоъӣ баргузида шуд. Ин порламон аз ҳисоби намояндагони собиқи порламон ва рушанфикрони ислоҳотталаб дар баробари порламони кунунӣ, ки моҳи декабр интихоб шуда буд, ташкил шудааст. Нируҳои мухолиф мегуянд, дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ дода будаанд.
XS
SM
MD
LG