Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумисюн пирузии Саркисёнро пешгуӣ кард


Кумисюни Марказии Интихоботии Арманистон гуфтааст, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар Серж Саркисён-нахуствазири кунунӣ пируз шудааст. Гариген Озариён-сухангуи ин кумисюн гуфтааст, шумориши орои интихобкунандагон ба поён расидааст ва дар даври аввали интихобот бо 52,9 дарсади оро Саркисён дастболо шудааст. Рақиби аслии вай Тер Петроссён-раиси ҷумҳури собиқ 21,5 дарсад рай ба даст овардааст. Ҳатто қабл аз бастани ҳавзаҳои райдиҳӣ мухолифон мегуфтанд, ки дар ҷараёни райдиҳӣ муқаррарот нақз шудааст. Ба ин сабаб онҳо ҷонибҷонибдорони худро ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG