Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки башарии саъудиҳо ба Тоҷикистон


Дирӯз аз Арабистони саъудӣ кумаки башарӣ дар ҳаҷми беш аз 10 тонна ба Тоҷикистон ворид гардид.

Дар ин робита Иброшим ад-Дарвеш, як масъули Вазорати молияи Арабистони саъудӣ, мегӯяд: «Бо фармони шоҳи Арабистони саъудӣ мо миқдори аввали кумаки башариро ба халқи Тоҷикистон овардем. Ин кумаки башарӣ иборат аст аз 1500 қуттии маводди ғизоӣ, 2000 палос, 4 000 курпаи гарм ва 200 қуттии хурмои арабӣ иборат аст».

Ӯ ишора намуд, ки дар давоми чанд рӯзи дигар ҳавопамоҳои кишварашон миқдори дигари кумакҳоро ба Тоҷикистон хоҳанд овард.
Ин рисолат 2-вуми март ба поён мерасад. Ҳаҷми умумии кумаки Арабистони саъудӣ 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Иброҳим ад-Дарвеш афзуд, ки шоҳи Арабистони саъудӣ тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон ба таври илова боз 10 миллион доллар қарзи билоиваз ироъа намояд.

Дар маросими ироъаи ин кумаки башарӣ Эркин Қосимов, ҷонишини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, раҳбарияти кумитаи ҳолатҳои изтирории Ҳукумати Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG