Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи абрешим эҳё мешавад


Мансабдорони мамолики Осиёву Аврупо иброз доштаанд, ки баҳри эҳёи роҳи абрешими бостонӣ талош меварзанд. 2000 сол пеш роҳи абрешим Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваста буд. Дар мулоқоти Женева вазирону ҳайъатҳои 19 кишвар ва аз ҷумла Чин, Эрон, Русия ва Туркия ӯҳдадор шуданд, ки кишварҳояшон дар иҷрои лоиҳаҳои мухталиф ба маблағи 43 миллиард доллар саҳм мегиранд.
Ин лоиҳаҳо тавсеаи роҳҳо, бунёди роҳҳои нави оҳан, ҳамоҳангсозии тафтиш дар гумрукҳо ва убури марзҳову бандарҳоро мадди назар доранд.
Чин изҳор намуд, ки солҳои оянда барои иҷрои якчанд лоиҳаи роҳи оҳан 12,5 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG