Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар интихоботи Покистон мухолифин пирӯз шуданд


Ҳизби собиқ сарвазири Покистон хонум Беназир Бҳуттои мақтул мегӯяд, ин гурӯҳи сиёсӣ саъй хоҳад кард дар ҳамроҳӣ бо дигар ҳизбҳои мухолифин ҳукумати эътилофӣ ташкил намояд. Дар интихоботи парламентии Покистон ҳизбҳои мухолифин пирӯзии назаррас ба даст овардаанд.
Ҳанӯз шумори овозҳои интихоботи 18-уми феврал ба поён нарасидааст. Тахмин мешавад, ки ҳизби мардумии Бҳутто курсиҳои бештари парламентро дар ихтиёр хоҳад дошт, вале шумораи курсиҳои ин ҳизб барои ташкили ҳукумат кофӣ нахоҳад буд.
Лигаи мусулмонони Покистон-бузургтарин гурӯҳи пуштибон аз президенти Покистон Парвез Мушарраф, нокомӣ дар интихоботро эътироф кард.
Осиф Алӣ Зардорӣ шавҳари Беназир Бҳутто, ки ҳоло раҳбарии ҳизби мардумии Покистонро бар дӯш дорад, иброз дошт, ки онҳо ҷонибдори ҳамкорӣ бо муттафиқони Мушарраф нестанд.
Дар ҳамин ҳол президенти Покистон изҳор намуд, ки ӯ ҳозир аст бо раиси ҳукумати нав ҳамкорӣ кунад. Мушарраф пешниҳодҳои истеъфоро рад кард.
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Том Кейсӣ мегӯяд, интихоботи Покистон қадаме дар роҳи эҳёи комили демократия мебошад. Ӯ ҳизбҳои покистониро ба эҳтироми натиҷаҳои интихобот даъват кард.
XS
SM
MD
LG