Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Солана бо сарвазири Косово


Тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана мегӯяд, Иттиҳодия бо Косово "дӯсти хуб" буда, кумак ба ин кишвари тозаистиқлолро идома медиҳад."Мо дар ин ҷо ҳузур хоҳем дошт ва шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо дар чорчӯби намояндагии ин созмон ба шумо кумаки иқтисодӣ мерасонанд. Шаҳрвандони Аврупо дар чорчӯби нерӯҳои ҳомии сулҳи Косово (KFOR) ҳузур хоҳанд дошт ва дар ин раванд ба таври табиӣ ҳамроҳ бо шумо хоҳанд буд."Дирӯз дар шаҳри Приштина-маркази Косово, Солана бо сарвазири Косово мулоқот кард. Солана аввалин мансабдори воломақоми байналмилалист, ки баъди эълони истиқлоли Косово аз Сербия ба ин кишвар ташриф овард.
Дар ин байн Сербия мегӯяд, эъломияи истиқлоли Косово аз 17-уми феврали соли равон амали ғайришаръӣ мебошад. Ин кишвар бозхонди сафиронаш аз мамолики эътирофкардаи истиқлоли Косоворо шурӯъ намуд.
Дар саросари олам кишварҳои мувоҷеҳ бо ҷудоихоҳӣ ва аз ҷумла Озарбойҷон, Гурҷистон ва Чин дар мавриди пазироии эъломияи якҷонибаи истиқлоли Косово шакку шубҳа доранд.Русия мегӯяд, эъломияи истиқлоли Косово назму суботи оламро бо таҳдид рӯ ба рӯ мекунад.Барои ҳифзи марзҳои шимолии Косово нерӯҳои ҳомии сулҳ (KFOR) ба марз фиристода шуданд. Дирӯз эътирозгарони серб ба нишони мухолифат ба ҷудошавии Косово ду посгоҳи марзиро ба коми оташ кашиданд.Ҳамчунин дирӯз дар шимоли Косово таркиши маводи мунфаҷир ба мошинҳои дар назди бинои СММ қарор дошта, зиён расонд. Афроди номаълум ба хонаҳои холишудаи албанитаборон норинҷак партофтанд.
XS
SM
MD
LG