Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Арманистон то ҳол 36,5 % мардум раъй доданд


Имрӯз дар Арманистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҷараён дорад. Аз миёни нӯҳ довталаби ин мақом шонси нахуствазир Серж Саркисян ва раҳбари пешини ин кишвар Левон Тер-Петросян бештар ба назар мерасад. Номзади интихоботӣ бояд беш аз 50 % раъйҳои мардумро ба даст оварад, то ки аз баргузории даври дуюми интихобот сарфи назар шавад. Комиссиюни марказии интихоботҳои Арманистон се соат пеш аз басташавии нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар саросари кишвар гуфт, ки дар интихобот наздики 36,5 % шаҳрвандони қобили раъй иштирок карданд. Дар ҳамин ҳол, номзади президентӣ Тер-Петросян ҳукуматро дар тақаллуби эҳтимолии баргаҳои раъйдиҳӣ муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG