Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқарории номзадҳои интихоботии Эрон


Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон имрӯз 250 номзадро, ки аз ҳақи ширкат дар интихоботи парлумонӣ маҳрум шуда буданд, дубора барқарор кард ва онҳоро иҷоза дод дар сабқати моҳи март иштирок кунанд. Ҳамакнун, шумори куллии номзадҳои барқароршудаи интихоботӣ 831 нафарро ташкил медиҳанд. Эътилофи аслии ислоҳталабон ҳафтаи ҷорӣ Шӯрои нигаҳбонро танқид кард, ки бо монеагузориҳояш барои ширкати номзадҳои бештар садди роҳи рақобати солими интихоботӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG