Пайвандҳои дастрасӣ

KFOR дар шимоли Косово мустақар мешавад


Баъди он ки гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯш як посгоҳи марзии воқеъ дар сарҳади миёни Сербистону Косоворо оташ зад, ҳайати посдорони сулҳи Косово (KFOR) ба истиқрори нирӯҳояшон дар ин маҳал шурӯъ карданд. Сухангӯи нирӯҳои таҳти сарпарастии НАТО сарҳанг Бертро Боно гуфт, ки баъди ин ҳодиса нирӯҳои онҳо тасмим гирифтанд, ки мудохила карда низомиёнашонро дар ҷабҳаи шимолии Косово мустақар кунанд. Ҳамчунин, имрӯз дар шимоли Косово таркиши бомба чанд мошинро дар наздикии сохтмони СММ хароб кард, ва соатҳо баъд таркиши ду норинҷак дар харобаҳои манзилҳое ба қайд гирифта шуд, дар гузашта моли хонаводаҳои албанӣ будааст.
XS
SM
MD
LG