Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Арманистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ сурат мегирад


Имрӯз дар Арманистон интихоботи раёсатҷумҳурӣ ҷараён дорад. Аз миёни нӯҳ довталаби ин мақом шонси нахуствазир Серж Саркисян ва раҳбари пешини ин кишвар Левон Тер-Петросян бештар ба назар мерасад. Номзади интихоботӣ бояд беш аз 50 % раъйҳои мардумро ба даст оварад, то ки аз баргузории даври дуюми интихобот сарфи назар шавад. Раиси ҷумҳурии ояндаи Арманистон дар пешорӯи чанд мушкили калидие қарор хоҳад гирифт, ки дар ҳалли онҳо раҳбарони гузаштаи ин кишвар ноком шуданд: ин пеш аз ҳама сарнавишти ояндаи Қаробохи Кӯҳӣ ва равобити сард бо Туркия мебошад.
XS
SM
MD
LG