Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошиба истеҳсоли DVD-ро қатъ кард


Ширкати ҷопонии Тошиба аз тавлиду фуруши HD DVD даст мекашад, зеро харидорони ин навъи маҳсулоташ коҳиш ёфтаанд. Ин қарори ширкати Тошиба ба он сабаб аст, ки ҳоло бисёре аз мардум дивидиҳои ширкати Сониро мехаранд, зеро дар он технологияи нави Блу-рей истифода мешавад, ки рангу таровишҳои филмҳоро барҷаста ва табиитар нишон медиҳад. Ширкати Тошиба то охири моҳи март тавлиди дивидиҳояшро ба куллӣ қатъ мекардааст.

XS
SM
MD
LG