Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оби тозаи ҷопонӣ дар Сингапур


Мақомоти Сингапур мегӯянд, ки моҳи апрели имсол истифодаи таҷрибавии технологияи наверо шурӯъ мекунанд, ки обҳои олударо бо роҳи осонтару арзонтар пок мегардонад. Ду ширкати ҷопонӣ, ки технологияи навро ихтироъ кардаанд, мегӯянд, оби ифлос аввал тавассути филтрҳои оддӣ тоза мешавад ва сипас бактерияҳои табиӣ олудагиҳои боқимондаро нобуд мекунанд. Муҳандисон мегӯянд, ин абзори нав ҷойи зиёдро ҳам намегирад ва дар марҳилаи аввал то 10 ҳазор метри мукааб обро дар як рӯз софу покиза мекунад.

XS
SM
MD
LG