Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари сартарошидаҳои Маскав равонаи зиндон шуд


Додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав имрӯз раҳбари гурӯҳи сартарошидаҳо бо исми "Формат-18"-ро ба се соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ҳукм кард, ки Максим Мартсинкевич дар барангехтани адовати миллӣ айбдор дониста мешавад. Мартсинкевич, ки дар миёни ҷонибдоронаш бо лақаби "Тесак" маъруф аст, июли соли гузашта боздошт шуда буд. Тафтишот мегӯяд, ки дар ҷараёни музоҳираҳои сиёсии соли гузашта дар клуби "Билингва"-и Маскав вай шиорҳои натсистиро ба забон меовард.
XS
SM
MD
LG