Пайвандҳои дастрасӣ

Таркишҳо дар шимоли Косово


Имрӯз дар шимоли Косово чанд таркиши ҷудогона рух дод. Ин ҳодиса дар ҳоле гузориш мешавад, ки сербҳо аз барасмият шинохта шудани интиқлолияти ин вилояти ҷудоихоҳ аз ҷониби ИМА ва чанд давлати аврупойӣ эътироз мекунанд. Як таркиш чанд мошини воқеъ дар наздикии сохтмони СММ-ро хароб кард ва таркишҳои норинҷакҳо дар маҳалли дигар дар харобаҳои манзилҳое ба қайд гирифта шуд, ки дар гузашта моли хонаводаҳои албаниҳо будааст. Тибқи гузоришҳо, инчунин имрӯз гурӯҳи сербҳо як посгоҳи марзиеро, ки дар хати сарҳади Сербистон ва Косово ҷойгир аст, оташ заданд. Дар маҳалли ҳодиса нирӯҳои полиси Косово ва СММ ҷойгир буданд.
XS
SM
MD
LG