Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои ИМА «The New York Times» дар шумораи имрӯзааш матлаберо ба бӯҳрони энержӣ ва мушкилоти сармо дар Тоҷикистон бахшидааст.

Ин нашрия дар матлаби таҳти унвони “Тақозои кӯмак барои Тоҷикистон, ки зимистон буғиаш кардааст” ба вазъи сахти пешомада дар Тоҷикистон пардохта, навиштааст, Созмони Милал барои Тоҷикистон, ин кишвари Осиёи Марказӣ, ки зери зарбаи шадиди зимистони дар се даҳсолаи ахир барои ин минтақа сахттарин бесобиқа мондааст, 25 миллион доллар кӯмаки оҷил тақозо кардааст.

Ба навиштаи Ню-Йорк Таймз, обуҳавои зери 5 дараҷаи манфӣ ва боришоти барф мардуми рустоҳои ин кишвари умдатан кӯҳистониро аз дастрасӣ ба манобеъи ғизо маҳрум сохта, шаҳрҳоро бо камбуди шадиди обу барқ рӯбарӯ кардааст.

Габриэла Вайҷман, як мақоми Милали Муттаҳид дар Алма-Ато ба Ню-Йорк Таймз гуфтааст, қатъи тавзеъи нерӯи барқ ба бемористонҳо алакай мушоҳида мешавад ва онҳо тарс доранд, ки дар ояндаи наздик шояд ҳатто барои анҷоми амалиётҳои ҷарроҳии ҳаётан муҳим нерӯи барқ пайдо нашавад.

Ню-Йорк Таймз менависад, беш аз 60 дарсад аз тақрибан 7 миллион ҷамъияти Тоҷикистон дар зери хатти фақр, яъне бо камтар аз 2 доллар даромади рӯзона ба сар мебарад, вале ба хотири таъмини гармӣ ба сарфи маболиғи боз ҳам бештар маҷбур шудани хонаводаҳо дар ин кишвар боиси боз ҳам коҳиш ёфтани мизони фурӯшот дар бозорҳои ғизоии кишвар шудааст.

Ню-Йорк Таймз ҳамчунин навиштааст, бӯҳрони пешомада боис шуда, ки Эмомалӣ Раҳмонро, ки соли 2006 тавассути рақобат бо рақибони рамзӣ барои давраи севвуми ҳафтсола раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд, ба сӯъимудирият айбдор кунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG