Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ аз истиқлоли Косово нигарон нест


Президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ мегӯяд, эъломияи истиқлоли Косово ба ин кишвар ҳеҷ ташвише зам намекунад. Саакашвилӣ илова мекунад, ӯ хавф надорад, ки минтақаҳои ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон аз Косово илҳом гирифта, дар паи истиқлол хоҳанд шуд. Саакашвилӣ аз изҳороти Русия нигарон будааст. Дар гузашта Маскав ба ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон кумаки иқтисодӣ тақдим мекард, вале дар Кремл чизе дар бораи эътирофи истиқлоли онҳо иброз намегардид. Акнун Маскав таъкид мекунад, ки эътирофи истиқлоли Косово аз тарафи мамолики ғарбӣ шароитеро фароҳам овардааст, ки Русия низ имкон дорад, мавқеъгириаш дар нисбати Гурҷистонро бознигарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG