Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши ҳамлаҳои маргталабона дар Афғонистон


Фармондеҳи баландпояи паймони Нато изҳор намуд, ки шояд моҳҳои оянда дар Афғонистон шумораи ҳамлаҳои маргталабона афзоиш ёбад. Дар ду рӯзи ахир дар вилояти Қандаҳори Афғонистон бар асари ҳамлаҳои маргталабона камаш 150 нафар ба ҳалокат расиданд. Генерали амрикоӣ Ҷон Граддок мегӯяд, Толибон аз он сабаб ба ин навъи ҳамлаҳо рӯй овардаанд, ки афзоиши теъдоди нерӯҳои паймони Нато имкони ишғоли манотиқ ва танзими ҳамлаҳои анъанавӣ дар истеҳкомашон, яъне ҷануби Афғонистонро коҳиш додааст. Дирӯз аснои ҳамла болои нерӯҳои Канада дар шаҳри Қандаҳор 38 афғон кушта шуданд. Рӯзи якшанбе бошад, ҳангоми бомбгузории маргталабона дар миёни издиҳоми мардумӣ беш аз 100 кас ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG