Пайвандҳои дастрасӣ

Яҳудиҳои Душанбе бе каниса мемонанд?


Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиёни Тоҷикистон

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиёни Тоҷикистон

Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиёни Тоҷикистон, гуфт, мақомоти шаҳри Душанбе барои бунёди каниса дар гӯшаи дигари шаҳр иқдоме нишон надоданд.

Вай дар ин бора пас аз машварат бо намояндаи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар масъалаи тахриби бинои ягона канисаи (ибодатгоҳи) яҳудиёни Душанбешаҳр ба радиои Озодӣ ибрози назар кард. Вай гуфт, бо вуҷуди муроҷиати яҳудиёни Тоҷикистон мақомоти шаҳри Душанбе барои фароҳам кардани шароит барои бунёди канисаи нав дар гӯшаи дигари шаҳр иқдоме нишон надоданд.

Вай бо нигаронӣ афзуд, агар мақомоти шаҳр дар ин роҳ бепарвоӣ нишон диҳанд ва бинои феълии каниса тахриб гардад, эътирозҳои нав ба миён хоҳанд омад ва онҳо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шикоят хоҳанд кард. Ин канисаи яҳудиён дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар наздикии бозори марказии «Баракат» ҷой дорад.

Замоне, ки мо ба назди Каниса омадем, намояндаи ҳукумати Исмоли Сомонӣ ва додситони ҳамин ноҳия бо Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиёни Тоҷикистон, баҳс доштанд. Намояндаи ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ таъкид мекард, ки Ҳукумати Тоҷикистон чунин ҳаққи қонуниро дорад, ки бинои канисаро ба ҷои дигар кӯч диҳад.

Аммо оқои Абдураҳмонов афзуд, масъулини Душанбе мехоҳанд, канисаи онҳоро ба яке аз маҳаллоти канори ин шаҳр кӯч бидиҳанд, вале то ба ҳол дар ягон гӯшаи пойтахти Тоҷикистон барои канисаи онҳо на ҷой ҷудо кардаанд ва на гуфтаанд, ки маблағеро барои бунёди канисаи онҳо тахсис додаанд. Оқои Абдураҳмонов гуфт, яҳудиён аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, ки дар маркази ин шаҳр барои канисаи онҳо сохтмонеро ихтисос диҳанд, ки дар он намозгузорон тавонанд, таҳорат кунанд, намоз гузоранд ва ибодат кунанд.

Окои Абдураҳмонов иброз дошт, «ин корро кардан мувофиқи қонун дуруст нест, ин қонуншиканӣ аст. Канисаи мо дар асоси қонун дар бораи дин ва созмонҳои динии Тоҷикистон ҳамчун ҷараёни мазҳабӣ, ҳамчун ташкилоти динӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба таври ҳуқуқӣ сабт шудааст. Манъ кардани фаъолияти мо бар асоси он, ки ҷойгоҳи канисаи мо барои боғи Қасри миллат зарур аст, ман фикр мекунам ин қонуншиканӣ аст».

Баҳси яҳудиёни Душанбе бо шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон замоне шуруъ шуд, ки шаҳрдории Душанбе дар пайи судури як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эҳдоси «Кохи Миллат» дар маркази пойтахти ин кишвар тасмим гирифт, ки канисаи яҳудиён дар канори куллия сохтмонҳои қадимӣ дар атрофи бозори «Баракат» тахриб шавад.

Канисаи яҳудиёни шаҳри Душанбе барои аксари яҳудиён танҳо маҳалле маҳсуб мешавад, ки онҳо онҷо бо ҳам дидорбинӣ намуда, табодули назар мекунанд. Яҳудиёни шаҳри Душанбе, маъмулан авохири ҳар ҳафта дар рӯзи шанбе барои ниёиш ба ин канисаи гирдиҳам меоянд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар ҳоли хозир дар Тоҷикистон беш аз 500 яҳудӣ ба сар мебаранд, ки аксари онон дар шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доранд. Канисаи яҳудиён дар авохири карни 19 мелодӣ дар яке аз маҳҳалоти марказии Душанбе, ки дар он солҳо як рустои кӯчак буд, эҳдос шудааст.

Ба ин тартиб намояндагони ҷомеаи яҳудиёни тоҷикистон то замони фароҳам овардани шароити муносиб барои бунёди як канисаи дигар ба мақомот иҷоза нахоҳанд дод, ки ибодатгоҳи феълии онҳо тахриб карда шавад.

Вақте, ки мо аз ин каниса берун шудем, аллакай дар паси девори он тракторҳо ва техникаи зарурӣ меистоданд ва сохтмонҳои атрофии он, ҳатто то як ваҷаб ба каниса, ба замин ҳамвор карда шуда буд.

XS
SM
MD
LG