Пайвандҳои дастрасӣ

Аврупо хостори оромӣ дар Балкан шуд


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо имрӯз хостори оромӣ дар Балкан ва ваҳдат дар Аврупо шуданд. Вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв имрӯз, 18 феврал дар шаҳри Брюссел вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба эъломи истиқлолияти Косоворо баррасӣ карданд, ки ин вилоят худро аз Сербистон ҷудо эълом намуд. Раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо вазири умури хориҷаи Словения Дмитрий Рупел гуфт, бовар дорад, ки аксари 27 кишвари узви иттиҳодия истиқлолияти Косовро ба расмият хоҳанд шинохт. Теъдоде аз кишварҳои Аврупо ба зидди эъломи якҷонибаи истиқлолияти Косово садо баланд кардаанд. Вазири умури хориҷаи Бритониё Дейвид Миллибанд аз Иттиҳодияи Аврупо хост, дар ғарби Балкан раҳбарӣ кунад. Қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал иҷлоси дуввуми изтирории худро барои баррасии эъломи истиқлоли Косово баргузор кунад, чун дар нишасти рӯзи якшанбеи он ихтилофоти назар роҷеъ ба ин масъала рафъ нашуд. Нишасти паси дарҳои бастаи дирӯз ба талаби Русия баргузор шуд, ки чун Сербистон мухолифи ҷудо шудани Косово аз ин кишвар аст. Чин узви дигари Шӯрои Амният низ имрӯз аз эъломияи истиқлолияти Косово ибрози нигаронии амиқ кард.

XS
SM
MD
LG