Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазои сахти АFC ба Тоҷикистон


Конфедератсиюни футболи Осиё Тоҷикистонро аз ширкат дар мусобиқоти футбол миёни наврасони то 16-сола маҳрум ва 4 ҳазор доллар ҷарима кардааст. Ин созмон гуфт, Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Куриёи Шимолӣ, Ироқ ва Қирғизистону чанд кишвари дигар барои он чунин ҷазо дод, ки онҳо дар бозиҳои интихобии футбол дар соли гузашта бо роҳи фиреб футболбозони бузургтарро аз 16-сола роҳ додаанд. Мусобиқоти футболи Осиё миёни наврасони то 16-сола моҳи октябри имсол дар Узбакистон доир мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG