Изҳороти Владимир Путин рӯзи 9-уми май ва ҳангоми таҷлил аз солгарди 79-уми пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар Маскав садо дод.
Дар ин маросим раҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистону Узбекистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ширкат доштанд.
Пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ё Рӯзи Ғалаба бар Олмони фашистӣ дар кишварҳои собиқи Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳар сол 9-уми май таҷлил мешавад.
Мақомот мегӯянд, дар ин ҷанг сесад ҳазор тоҷикистонӣ ширкат карда, тақрибан сад ҳазор нафари онҳо ҷон бохтаанд.
Украина дар солҳои охир ин санаро рӯзи 8-уми май таҷлил мекунад. Владимир Зеленский, президенти Украина, дар суханронии охири худ ба ин муносибат гуфт, "фашизми гитлерӣ" ба "фашизми русӣ" табдил ёфтааст.