Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Қирғизистон як мансабдори пешинро ҳабс кард


Додгоҳе дар вилояти Чуйи Қирғизистон муовини пешини сардори Хадамоти зиддиинҳисории он кишвар Ақҷолтой Тукуновро барои ду моҳ ба ҳасб гирифт. Ин қарор 26 апрел содир шуд.

Тукуновро пештар додгоҳи ноҳияи Аламудуни вилояти Чуй ба ҳабси хонагӣ гирифта буд. Мақомоти додситонии Қирғизистон аз болои қарори додгоҳи Аламудун шикоят бурданд.

Тукуновро 17 апрел бо гумони "даъвати оммавӣ ба сарнагунии ҳокимият" боздошт карданд. Аммо 19 апрел ӯро дар "Бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар карданд. Ин айбномаро дар асоси як навиштаи Тукунов аз соли 2021 дар Фейсбук эълом кардаанд.

Ақҷолтой Тукунов солҳои 2022-2023 муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Қирғизистон буд. Вай бо мавқеъгириҳои иҷтимоияш маъруф аст ва дар чанд гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ширкат кардааст.

XS
SM
MD
LG