Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БОР рушди иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ кард. Мақомот розӣ нест


Як ниҳоди байналмилали молӣ пешбинӣ кардааст, ки ба сабаби кам шудани ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон дар ду соли наздик, суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад.

Бонки Осиёии Рушд дар гузориши нави худ, ки рӯзи 11-уми апрел нашр шуд, мегӯяд, дар солҳои 2024 ва 2025 бо далели кам шудани пули муҳоҷирон, маҳдудиятҳои фазои молӣ ва камшавии тақозои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти содиротии Тоҷикистон суръати рушди иқтисод коҳиш хоҳад ёфт.

"Арзёбии Бонки Осиёии Рушд ба воқеият наздик аст"

Ин бонк пешгӯи кардааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 6,5 % мерасад, дар ҳоле, ки соли гузашта он аз 8 дарсад бештар буд.

Мақомоти Тоҷикистон ба пешгӯии ин ниҳодӣ молӣ розӣ нестанд. Вале баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки таҳлилгарони Бонки Осиёии Рушд дар пешгӯиҳои худ эҳтиёткоранд ва арзёбии онҳо метавонад ба воқеият наздик бошад.

Абдулло Ашуров, рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ, рӯзи 12-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаводиси ахир дар Русия дар нисбати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонад боиси кам гардидани интиқоли маблағҳои онҳо шавад.

“Чанд нукта дар гузориши ахири Бонки Осиёии Рушд мавриди таваҷҷӯҳ аст. Аз як су, даромадҳои Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ камтар мешавад ва тавре ин ҳодисаҳои мудҳиши ахир дар шаҳри Маскав сурат гирифт, ки боиси афзоиши фишор нисбати муҳоҷирони кории тоҷик шуд, мо аз ҳоло тақрибан метавонем пешгӯӣ кунем, ки ҳам шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия эҳтимол коҳиш меёбад ва ҳам миқдори пуле, ки онҳо ба хонаводаҳояшон мефиристанд”-афзуд, ӯ.

Вазорат: "Рушди иқтисод барзиёд таъмин хоҳад шуд"

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтанд, рушди иқтисоди кишвар дар соли 2024 8 дарсад пешбинӣ шудааст. Дар ин ниҳод аз суҳбати видеои худдорӣ карданд. Дар номаи расмӣ посух додаанд, ки

Бонки Осиёии Рушд дар соли 2023 рушди иқтисоди кишварро 5,5 дарсад пешгӯи карда буд, вале он дар сатҳи 8,3 дарсад таъмин гардид. Таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод бовар доранд, ки рушди иқтисод аз он чи ки баъзе созмонҳои молӣ пешгӯи мекунанд, барзиёд таъмин хоҳад шуд.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон суст мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Вале бархе иқтисоддонҳо мегӯянд, чунин кор ба иҷрои дурусти нақшаву қарорҳои ҳукумат бастагӣ дорад ва аз сӯи дигар шаффофият дар пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ низ дар миён аст.

Коршиносон мегӯянд, самти муҳоҷиратро бояд тағйир дод

“Нақшаҳои пешбинишудаи ҳукумати мамлакат оид ба рушди босуръати иқтисоду ҳар гуна қарорҳое, ки ба нақша гирифта шудааст, агар дар амал назаррас татбиқ шаванд, он гоҳ метавонад пешгуии Бонки Осиёии Рушдро зери савол гузорад”-гуфт, иқтисоддон Фозилҷон Фатуллоев.

Дарёфти роҳҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ барои корҷӯёни тоҷик аз пешниҳодҳоест, ки ба назари Абдулло Ашуров ба беҳбудии вазъ метавонад мусоидат кунад: “Албатта, Тоҷикистон дар ин маврид бояд бо кишварҳои дигаре, ки метавонанд барои муҳоҷирони кории тоҷик ҷойи кор диҳанд, вориди гуфтугӯ шаванд. Чанд сол инҷониб Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳои аврупоиву осиёӣ, мисли Кореяи ҷанубиву кишварҳои Ховари миёна дар гуфтугӯ аст, вале ба назар намерасад, ки дар ин робита чандон муваффақ шуда бошад. Ҳануз бахши аъзами муҳоҷирони кории Тоҷикистон ба Русия мераванд, вале онҷо вазъияти ногуворе доранд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз гуфтани ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ худдорӣ мекунанд. Бино ба арзёбии созмонҳои байнулмилалӣ, пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар аст.

Як пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи маблағи фиристодаи муҳоҷирон ба таъмини рӯзгорашон назарҳои гуногун доранд.

"70 дар сади даромадамон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст"

Яке аз ҳамсуҳбатони мо гуфт, “аз пули фиристодаи муҳоҷирон пеш аз ҳама буҷети давлат пур мешавад. Буҷети давлат, ки баланд шуд, баъд ба соҳаҳои дигар низ маош медиҳанд”.

Роҳгузари дигаре таъкид намуд, ки “аз Русия чӣ қадаре пул бештар фиристанд, ҳамон қадар хуб аст, давлат бой мешавад. Лекин сокинон аз маҷбурӣ мераванд. Дар худамон корхонаҳо ташкил шавад, онҷо камтар мераванд”.

“Шавҳарам дар Русия аст. 70 дарсади пешбурди рӯзгорамон аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ аст. Пеш зуд-зуд пул мефиристод, ҳозир мисли пештара нест. Вазъияташон хуб нест. Пеш дар як моҳ то 5 ҳазор рубл равон мекард, ҳозир дар ҳамин чор моҳ натавонист пул фиристад. Мегӯяд, худамон бепул мондагӣ, боз вазъият безеб, ғам додесанд, бадбинӣ мекунанд, мегӯанд”-посух дод, яке аз мусоҳибони дигар.

Солона садҳо ҳазор нафар барои дарёфти кору маоши беҳтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд. Ин кишвар ба як манбаи даромади хонаводаҳои тоҷик табдил ёфтааст.

Дар чанд ҳафтаи ахир дар пай ҳамла ба “Крокус”-и Маскав, ки дар робита ба он 10 муҳоҷири тоҷикро боздошт кардаанд, нигарониҳо аз ихроҷу азияти муҳоҷирони тоҷик бештар садо медиҳад.

Барои кам кардани чунин фишорҳо ва коҳиши пойбандии иқтисоди кишвар аз пули муҳоҷирон, коршиносон борҳо таъкид намудаанд, ки мақомот бояд ба беҳбудии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорон, таъсиси корхонаву ҷойҳои нави корӣ ва афзоши маҳсулоти рақобатпазир таваҷҷӯҳи бештар диҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG