Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маош кам, мушкилӣ бисёр". Чаро омӯзгорони оянда аз кор "мегурезанд"?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Вақте маош кам ва дар хона мушкилӣ бисёр аст, дар мактаб кор карда наметавонед. Фикр ҳамеша парешон аст. Меандешед, ки чӣ гуна ва аз куҷо даромади зиёдтар гиред."

Муртазо Сулаймонов, сокини шаҳри Душанбе, пас аз як муддат кор ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ мактабро тарк кард. Мегӯяд, бо 900 сомонӣ моҳона натавонист, бори зиндагиро кашад.

Вай рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки маоши нокофӣ боис шудааст, ки на ҳама ҷавонон баъд аз хатми донишгоҳ барои кор ба мактаб бираванд.

Ҳар сол, ба ҳисоби миёна, 21 ҳазор ҷавон бахши омӯзгориро дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон хатм мекунанд. Масъулони Оҷонси назорат бар соҳаи маориф мегӯянд, қисме аз ин ҷавонон барои кор дар мактабҳо ҳозир намешаванд.

Икром Субҳонзода
Икром Субҳонзода

Икром Субҳонзода, мудири Оҷонси назорат бар соҳаи маориф, ба нашрияи порлумонии "Садои мардум" гуфтааст, “қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар ба далели таҳсил дар магистратура, хидмат, баргардондани маблағи таҳсил, шавҳар кардан, обистанӣ (ҳомила) ва нигоҳубини кӯдак" ба ҷои кор ҳозир нашудаанд.

Намояндагони Оҷонси назорат бар соҳаи маориф барои шарҳи бештари мавзуъ дастрас набуданд. Пештар Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор омӯзгор намерасад.

"Ё ба муҳоҷират мераванд, ё кори дигар мекунанд"

Шӯҳрат Латифов, коршиноси масоили иҷтимоӣ, мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии худдории ҷавонон аз омӯзгорӣ маоши кам аст.

“Он ҷавонҳое, ки мехоҳанд омӯзгор шаванд, мутаассифона, ба сабаби паст будани маош ба муҳоҷирати корӣ мераванд ё шуғли дигареро интихоб мекунанд. Яке аз сабабҳои дигар ин аст, ки ҷавонон на барои таҳсилу илм гирифтан, балки халосии муваққатӣ аз хидмат ба донишгоҳ паноҳ мебаранд,” – шарҳ дод ӯ рӯзи 18-уми май.

Дар мактабҳои Тоҷикистон низ тасдиқ мекунанд, ки маош кам аст ва омӯзгор танҳо ба як кор наметавонад рӯзгорашро пеш барад.

Наврӯз Рӯзизода, мудири мактаби рақами 16 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ба Радиои Озодӣ гуфт, маоши миёнаи омӯзгорон дар муассисаи зери раҳбарии ӯ тақрибан 1500 сомонӣ аст.

“Дар ин шароит ягон кас бо як касб зиндагиро пеш бурда наметавонад. Омӯзгор низ. Деҳқонӣ мекунад, боз як кори дигар мекунад, дар баробари омӯзгорӣ,” – гуфт ӯ.

Дар баробари ҳозир нашудани хатмкардагони бахшҳои омӯзгорӣ ба ҷойи кор, тарки соҳа кардани муаллимон низ дар чанд соли охир боис ба ташвиш шудааст.

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, соле пеш дар нишасти хабарӣ бо тасдиқи чунин раванд гуфт, "набояд аз он фоҷиа сохт". Посухи вазир танқиду вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон қариб 129 ҳазор омӯзгор кор мекунад. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ ё каме бештар аз 91 доллар таъйин шудааст.

Ҳарчанд масъулони бахши маориф дар суҳбатҳои рамӣ аз афзоиши маоши омӯзгорон мегӯянд, вале муаллимон ҳамвора аз кофӣ набудани он гила мекунанд. Соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG