Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳокимони худкома аз офату вайрониҳо ҳам "обрӯ" ҷамъ мекунанд?


Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷойи ҳодиса
Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар ҷойи ҳодиса

Қуанишбек Қорӣ, бахши қазоқии Радиои Озодӣ

Зилзилаи сахт дар Туркия, ки ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуд, сабаби танқидҳои зиёд аз ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон шуд. Худаш дар ҳоле ки шабакаҳои иҷтимоиро дастнорас кард, мардумро ба сарҷамъӣ хонд. Чаро раҳбарони баъзе аз кишварҳо ҳатто аз офатҳои табиӣ низ “хол”-и сиёсӣ гирифтан мехоҳанд?

Соли 2016, дар пайи кӯшиши табаддулоти давлатӣ, раисҷумҳури Туркия тавассути телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум муроҷиат кард.

Пас аз заминларзаи охир ва баъд аз мавҷи шарҳҳои танқидӣ Анкара шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла TikTok ва Instagram-ро баст. Чанд муддат Твиттер низ дастнорас буд. Рӯзи 8-уми феврал бисёре аз корбарон маҷбур тавассути филтршиканҳо ба Интернет роҳ ёфтанд.

Ҳоло дар Туркия хабарнигоронеро, ки пайомадҳои заминларзаи харобиоварро бозтоб медоданд, бозпурсӣ доранд. Додситонии кул ба зидди ду рӯзноманигор парвандаи ҷиноӣ кушод. Онҳо ба "барангехтани кинаву адоват" гумонзад шуданд.

Мақомоти Туркия рӯзи 9-уми феврал гуфтанд, 274 мавриди “барангехтани тарсу ваҳмро дар байни мардум” маълум карданд. Дар ин робита даҳҳо нафар боздошт ва чанд кас ба ҳабс гирифта шудаанд.

ИЗҲОРОТИ ЭРДУҒОН ВА МУНТАҚИДОНАШ

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, тавассути Твиттер ба мардум муроҷиат кард ва онҳоро ба иттиҳод хонд. Аз ҷумла гуфт: “Бовар дорам, ба шарофати ҳамбастагӣ ва ваҳдати халқу давлат ин рӯзҳои сиёҳро паси сар хоҳем кард. Ин рӯзест, ки мо бояд муттаҳид ва якдилу якдаст шавем.”

Рақибонаш суханони Эрдуғонро "болохонадор" ва "ба даст овардани хол" дар остонаи интихобот донистанд. Намояндагони мухолифон исрор доранд, ки агар мақомот дуруст рафтор мекарданд, имкони пешгирӣ аз талафоти зиёд дар Туркия вуҷуд дошт.

Камол Қиличдароғлу
Камол Қиличдароғлу

Яке аз номзадҳои эҳтимолии интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркия, Камол Қиличдароғлу, гуфт, аз дидаҳояш дар ҷойи ҳодиса шигифтзада шуд. Вай бо ишора ба ҳукуматдории бистсолаи Эрдуғон онро "фалокати аср" номид.

Як рӯзноманигори турк, ки дар Олмон асту ва ғоибона дар кишвараш ба 27 сол зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, Эрдуғон “бо истифода аз пайомадҳои заминларзаи соли 1999 ба қудрат расид. Ба назар мерасад, акнун қудратро рӯйи харобаҳои заминларзаи соли 2023 хоҳад гузошт."

Худи Эрдуғон иддао дорад, ки 98 дарсади хонаҳои харобшуда то соли 1999 сохта шудаанд. Вай рӯзи 14-уми феврал мухолифони худро ба туҳмат задан ва ҳамчунин ба гирифтани холҳои сиёсӣ аз пайомадҳои заминларза танқид кард. Дар заминларзаи соли 1999 дар Туркия 17 ҳазор кас ҷон бохта буд.

Имсол дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Онро ба 14-уми май, як моҳ пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонун таъин кардаанд. Эрдуғон, ки тақрибан бист сол боз дар сари қудрат аст (як муддат нахуствазир, ҳоло президент), яке аз номзадҳои асосист. Вай дар баёнияҳояш пас аз заминларза аз мардум хост, дар атрофаш ҷамъ шаванд.

МОНАНДИҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ТУРКИЯ

Дар соли 2020 бар асари канда шудани садди обанбори Сардоба дар Узбекистон шаш нафар ба ҳалокат расида, қариб 70 ҳазор нафар ба ҷойи дигар кӯчонда шуданд. Обанбори Сардоба соли 2010 дар замони нахуствазири собиқ ва президенти ҳозира Шавкат Мирзиёев сохта шуда буд.

Мирзиёев борҳо ба обанбор ва минтақаҳои зарардида рафт. Дар вохӯрӣ бо сокинон кӯшиш кард, дурустии бунёди обанборро исбот кунад ва гуфт, дар ин минтақаҳо пештар об намерасид. Вай бо ишора ба сохтмони хонаҳои нав дар минтақа гуфт, "ба шарофати сел" одамон дар шароити беҳтар зиндагӣ хоҳанд кард.

"Шаҳри нав, ноҳияи нав, кӯчаҳои нав ва маҳаллаҳои нави обод месозем ва ин хуб аст. Шумо ором мешавед ва ман ҳам ором хоҳам гирифт," – афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, солҳои охир борҳо аз "зимистони сахт" ва "тобистони гарму хушк" ҳушдор медиҳад, аммо мардум мегӯянд, дар асл иқдоми амалиеро намебинанд. Ҳар сол дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон мардум бар асари баҳман ё тармафароӣ ва омадани сел талафот медиҳанд ва осебу хисорот мебинанд.

Соли 2010 дар як рустои вилояти Алматои Қазоқистон сарбанди обанбор канда шуд ва бар асари он камаш 45 нафар ҷон бохт. Пас аз сели хариобиовар хонаҳои нав сохтанд.

Нурсултон Назарбоев, ки он замон раёсати ҷумҳури Қазоқистонро ба уҳда дошт, ба деҳа рафт ва муҷассамаеро ба хотираи қурбониёни сел рӯнамоӣ кард. Ӯ бо хислати хос ба ҳокимони худкома гуфт, "мардум набояд фаромӯш кунанд, ки давлат бо вуҷуди мушкили молӣ барои онҳо хона сохт" ва афзуд, "мардум шояд фикр намекарданд, ки рӯзе дар чунин хонаҳо зиндагӣ мекунанд." Ин изҳороти мағруронаи Назарбоев пас аз фоҷеа вокуниши мардумро ба бор овард.

Албатта, миқёси заминларзаи харобиовар дар Туркия ва офатҳои табиии охир дар Осиёи Марказӣ баробар нест. Бо вуҷуди ин, изҳороти раҳбарони кишварҳо дар ҷараёни чунин фалокатҳо баёнгари он аст, ки онҳо аз вазъи воқеӣ хеле дур уфтодаанд.

Рейтинги Раҷаб Таййиб Эрдуғон пеш аз заминларза низ поин рафта буд. Сабабаш коҳиши иқтисод асту афзоиши беандозаи нархи маҳсулоту хадамот. Ба назар мерасад, Эрдуғон, ки майли иштирок дар интихоботи қарибулвуқуъро дорад, бо рафъи пайомадҳои заминларза мехоҳад, обрӯ касб кунад.

Дар Туркия президент ба муддати панҷ сол интихоб мешавад. Як шахс наметавонад, зиёда аз ду муҳлат президент шавад. Соли 2017 Қонуни асосии Туркияро дигар карданд ва ин кишвар аз низоми порлумонӣ ба тарзи идораи президентӣ гузашт. Эрдуғон дар роҳи расидан ба ҳадафҳояш нишон медиҳад, ки ӯ барои ҳамеша ба масири ҳокимони худкома ворид шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG