Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров тафтиши муҳоҷирони тоҷикро дар Русия "чораи муваққатӣ" номид


Акс аз суҳбати Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин аз соли 2023 дар Душанбе.
Акс аз суҳбати Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин аз соли 2023 дар Душанбе.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тафтишу санҷиши муҳоҷирони тоҷик “чораи муваққатӣ” аст.

Як рӯз пас аз нотаи Тоҷикистон ба сафири Русия дар мавриди азияти муҳоҷирони тоҷик, Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 30-юми апрел хабар дод, ки Сергей Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, дар ин бора гап задааст.

Сомонаи ВКХ-и Русия хабар дод, ки Лавров ба Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, пас аз ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Ситти Ҳол” мақомоти ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз чунин амалҳо тафтиши мӯшикофонаи кору зиндагии шаҳрвандони хориҷиро оғоз кардаанд.

"Махсус таъкид шуд, ки чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо одӣ мешавад,”—гуфт шудааст дар изҳороти ВКХ-и Русия.

Пас аз ҳамлаи маргбор, вале шубҳабарангез дар рӯзи 22-юми март ба “Крокус Ситти Ҳолл” дар Маскав 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт шуд. Мақомоти рус пас аз ин ҳодиса фишору азияти муҳоҷирони тоҷикро афзоиш доданд. Садҳо нафар дар гузаргоҳҳои Русия иҷозаи вуруд ба Русияро наёфтанд ва садҳо нафари дигарро аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Рӯзи 29-уми апрел Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "нигаронии ҷиддӣ" намуда, аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супорид.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар шарҳи супоридани нота гуфт, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандони кишвар дар Русия "ба таври оммавӣ поймол мешавад".

"Ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест," – гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон.

Дар Русия ҳудуди як милллион муҳоҷир кору зиндагӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти русро барои азияти муҳоҷирони тоҷик ва онҳоро ҳамчун фишанги сиёсӣ истифода бурдан танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG