Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Андешаи сокинон дар бораи бемории саратон хато аст"


Маркази саратоншиносии Тоҷикистон
Маркази саратоншиносии Тоҷикистон

4-уми феврал рӯзи мубориза бо бемории саратон дар ҷаҳон аст. Дар Тоҷикистон низ садҳо кас аз ин беморӣ ранҷ мекашанд. Бархе барои муолиҷаи он дар дохил машғул ҳастанд, иддае ба хориҷа рафтаанд.

Бемории саратон, он гуна ки тасвир мешавад, хатарзо ва кушанда аст? Дар Тоҷикистон аз кадом навъи он азият мекашанд? Ба ин ва суолҳои дигар доктори илми тиб, профессор, Самеъ Расулов посух дод.

Шервони Умриддин, рӯзноманигор

- Гирифторони бемории саратон дар Тоҷикистон чанд нафаранд? Ва саратони кадом аъзои бадан бештар мушоҳида мешавад?

- Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 3126 бемори гирифтори саратон сабт шудааст. Дар соли 2022 ин рақам ба 4356 расид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бештар саратони сина, гарданаки бачадон, меъда ва саратони пӯст ҳаст. Мувофиқи маълумоти Маркази омори тиб, фавти солонаи беморони гирифтори саратон дар солҳои 2021 ва 2022 мутаносибан ба 20,5% ва 16,3% баробар аст.

- Сабаб дар чист, ки ин беморӣ дар миёни занон меафзояд?

- Умуман саратон дар натиҷаи таъсири як қатор омилҳои дарунӣ ва берунӣ ба ҳуҷайраҳои солим пайдо шуда метавонад. Ба ин омилҳои кимиёвӣ (кансерогенҳо), физикӣ (нурҳои радиоактивӣ, рентгенӣ ва ғайра) ва биологӣ дохил мешаванд. Занҳо бештар ба саратони сина гирифтор мешаванд. Вобаста ба қобилияти кории худ, сина ҳеч гоҳ дар ҳолати оромӣ буда наметавонад ва ҳамеша дар натиҷаи таъсири гормонҳои тухмдон ва гипофиз, ҳамчунин ғадудҳои болои гурда ва сипаршакл тағйир ёфта меистад. Дар натиҷа бофтаҳои сина ба ҳолати аввал пурра барнамегарданд ва дар оянда сабаби пайдо шудани омос шуда метавонанд. Ин тағйирот дар аввал ба монанди мастопатия ва фиброаденоматоз мушоҳида шуда, сипас ба саратон мубаддал мегарданд. Ҳангоми вуҷуд доштани мастопатия ва фиброаденоматоз саратони сина ду-се дафъа бештар пайдо мешавад. Тез-тез исқоти ҳамл (аборт) кардан, кӯдаки навзодро барвақт аз шир ҷудо кардан ё тамоман шир надодан ва афсурдагӣ аз омилҳои пайд шудани саратони синаанд.

- Баъзе аз бемориҳое ҳастанд, ки аз насл ба насл мегузаранд, саратон чӣ?

- Саратон аз насл ба насл намегузарад, хусусияти ирсӣ надорад. Танҳо дар натиҷаи таъсири омилҳои берунию дарунии организм ҳуҷайраи осебёфта аз падар ё модар ба ҷанин ба мерос монда, минбаъд афзоиш меёбад. Ҳамин тавр, омоси бадсифат пайдо мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе аз ҳолатҳо, масалан, саратони ғадуди ширӣ ё саратони меъда дар наслҳои як хонавода такрор мешаванд.

- Кадом тарзи табобат ва пешгирии бемории саратон ҳаст?

- Комёбиҳои имрӯзаи илми тиб имкон медиҳад, ки саратон дар ибтидои пайдо шуданаш табобат карда шавад. Аз ҳама муҳимаш саратонро сари вақт ошкор кардан зарур аст. Барои ин, ғайр аз донистани нишонаҳои беморӣ боз истифодаи дастгоҳҳои муосир ва ташхис имкон медиҳанд. Ҳар қадар, ки муолиҷа сари вақт оғоз гардад, табобати бемории саратон ҳамон андоза осонтар мешавад. Ақидаи табобатнашаванда будани ин беморӣ, ки дар байни халқ паҳн гаштааст, билкул хато ва беасос аст. Ҳоло якчанд усули табобати саратон ба кор бурда мешавад, ки ҷарроҳӣ, кимиётерапия, шуодиҳӣ ва гормонтерапия аз ҷумлаи онҳоянд. Бо истифода аз ин усулҳо ҳазорҳо бемор табобат ёфта, ба назди оилаҳои худ бармегарданд ва мисли пештара кор мекунанд. Дар як қатор мавридҳо танҳо истифодаи ҷарроҳӣ метавонад табобати пурраро таъмин намояд. Дар мавридҳои дигар ҷарроҳӣ якҷоя бо шуодиҳӣ ва кимиётерапия самарабахш аст. Ақидаи нодуруст дар байни мардум паҳн шудааст, ки ба саратон теғ задан мумкин нест. Ҳаминро бояд дарк кард, ки мо ҳангоми ҷарроҳӣ ба омос теғ намезанем, балки онро дар ҳудуди бофтаҳои солими атрофаш гирифта мепартоем. Агар бемор ба духтур муроҷиат накарда, табобатро дар хона пеша кунад, он гоҳ фурсати табобати саривақтиро аз даст медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG