Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ленин ва Тоҷикистонро чӣ бо ҳам мепайвандад?


Муҷассамаи Ленин дар Истаравшан
Муҷассамаи Ленин дар Истаравшан

​​​​​​​Рӯзи 21-уми январ аз даргузашти Владимир Илйич Ленин, инқилобгари рус, бунёдгузори ҳизби болшевикон, назарияпардози сиёсии ҷаҳонӣ, сармеъмори сиёсати миллии шӯравӣ ва бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 100 сол сипарӣ шуд.

Оё ин санаро бояд имрӯз ёд кунем? Ленин ва Тоҷикистонро бо ҳам чӣ мепайвандад? Оё имрӯз ниёзе ба ленингароӣ ҳаст?

САД СОЛ БИДУНИ ЛЕНИН

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

"Тоҷикистон набояд як ҷузъи Русия бимонад"

Комиссар дар умури миллатҳо Иосиф Сталин дар моҳи августи соли 1922 пешниҳод кард, ки ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистии Украина, Беларус ва Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Пасиқафқоз (ба ҳайати он Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон дохил мешуданд) ҳамчун ҷумҳуриҳои худмухтор ба Федератсияи Русия ҳамроҳ карда шаванд. Бар асоси тарҳи Сталин, ҶСШ Тоҷикистон, ки ҳафт сол баъд аз ин пешниҳод ташкил гашт, мебоист минтақаи худмухтор дар ҳайати Русия шавад.

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

Раиси Шӯрои комиссарҳои мардумии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия (ҶШФСР) “худмухторсозии сталинӣ”-ро («автономизатсия») напазируфта, бо ҷонибдории муовинаш Л.Б. Каменев пешниҳод кард, “ба ҷои ҶШФСР иттиҳодияи расмие дар шакли иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии Аврупо ва Осиё” таъсис дода шавад.

Ленин дар ин баҳс пирӯз шуда, дар Конститутсия ҳуқуқи ҷумҳуриҳо ба берун рафтан аз ҳайати СССР-ро илова кард. Ин меъёр дар ҳар се Конститутсияи СССР дар солҳои 1922-1991 дарҷ шуда буд. Кам касоне он замон иҷрои ин бандро пешбинӣ мекарданд. Болшевикон соддалавҳона бовар доштанд, ки инқилоби ҷаҳонӣ сурат мегирад ва ҳамаи сарҳадҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон аз байн бурда мешаванд.

“Мина”-е, ки Ленин ва Каменев ҳанӯз дар таъсисёбии СССР дар соли 1922 гузошта буданд, моҳи декабри соли 1991 таркид. Он Иттиҳоди Шӯравиро ба харобазор табдил дода, Тоҷикистонро як кишвари соҳибихтиёру мустақил гардонд. Президенти Русия Владимир Путин соли 2016 дар бораи “бомби ҳастаӣ”-е, ки Ленин дар Русия гузошта буданд, суҳбат кардааст.

Дар зимн, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси қонун ва ба таври қатъӣ тибқи Конститутсияи амалкунандаи Шӯравӣ, ки дар саргаҳи он Ленин меистод, сурат гирифтааст. Бинобар ин, кӯшиши империягароҳо, ки имрӯз бурунрафти ҷумҳуриҳоро аз ҳайати иттиҳод “ҷудоиталабӣ” номида, ба барқарории СССР исрор меварзанд, ғайриқонунӣ аст. Гузашта аз ин, бояд дар хотир дошт, ки дар СССР-и барқароршуда низ бояд ҳаққи бурунрафти ҷумҳуриҳо аз ҳайати онро нигоҳ дошт, зеро сухан аз барқарории Иттиҳоди Шӯравии намунаи соли 1922 меравад. СССР дар ниҳоят ва бидуни мина соли 1991 аз байн рафт. Ҳаққи бурунрафт додани Ленин ба ҷумҳуриҳо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро осон ва тақрибан бидуни хунрезӣ гардонид.

Оё ӯ тоҷиконро медонист?

Ленин тоҷиконро яке аз “халқҳои хурди Русия” медонист. Ӯ бар ин буд, ки напазируфтани зулми империалистӣ онҳоро ба субъектҳои инқилобӣ табдил додааст. Ба гуфтаи Ленин, муборизаҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар Бухоро, Афғонистон, Ҳиндустон ва кишварҳои дигаре, ки дар онҳо пролетариат вуҷуд надошт, бояд бо ҳаракатҳои коргарони давлатҳои аврупоӣ ҳамовоз шаванд. Ленин аз миллатҳои хурди мазлум пуштибонӣ карда, талош мекард, то исбот кунад, ки коммунистон ба сиёсати подшоҳӣ мавқеи оштинопазир доранд ва бо империализм ва шовинизм ҳеч алоқамандие надоранд.

Ленин бо вуҷуди хайрхоҳ будан ба тоҷикон дар бораи онҳо кам медонист. Дар асарҳои Ленин калимаи "тоҷикон" танҳо як бор зикр шудааст. Ӯ дар иқтибосҳо аз китоби Отто Ҳубнер "Ҷадвалҳои ҷуғрофӣ-оморӣ" (1916) тоҷиконро ҳамчун яке аз ақаллиятҳои миллии Бухоро, ки Ленин онро "давлати тобеи рус" номидааст, зикр мекунад. Хулосаи ӯ дар бораи худи Бухоро якранг буд: "Сокинонаш тақрибан ҳама муҳаммадӣ ҳастанд... Ислом дар онҷо ҳукмфармост. Озодии дин комил аст."

Ленин амали нерӯҳои подшоҳиро дар Осиёи Марказӣ "ғасби мустамликавӣ" ва худи минтақаро "мустамликаи навъи ҷадид" номидааст. Ба ибораи дигар, ӯ тоҷиконро дӯст медошт, вале ғоибона. Ӯ ба вазъи сангини онҳо ҳамдардӣ мекард ва ваъда дода буд, ки ҳам бо сухан ва ҳам дар амал ба онҳо кумак мекунад.

Намояндагони тоҷикон дар ниҳодҳои болоии давлати Шӯравӣ камтар буданд. Аз раҳбарони тоҷикон танҳо хуҷандиҳо – Абдулло Раҳимбоев ва Аҳмадбек Мавлонбеков, ки ҳар ду узви ҳайати вакилони Туркистон дар анҷумани X Ҳизби коммунистии Русия дар моҳи марти соли 1921 буданд, дар ҳошияи анҷуман бо Ленин вохӯрдаанд. Дар навиштаҳои солҳои охир Раҳимбоевро баъзан узбек ҳам номидаанд.

Дар ҳақиқат дар маводи Бюрои сиёсии соли 1922 Раҳимбоев "болшевик аз соли 1919, тоҷик ва бо ду сол таҳсил дар мактаби махсуси муаллимӣ аз табақаи зиёиён" номида шудааст. Дар он анҷуман Раҳимбоев номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунистии Русия интихоб шуд. Мулоқоти Ленин бо котиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунистии Туркистон Абдулло Раҳимбоев 9-уми октябри соли 1921, соати 18-30 дар Кремл баргузор шудааст. Суҳбат қаблан тарҳрезӣ шуда буд ва ба корҳо ва вазъ дар Туркистон рабт дошт.

Раҳимбоев ягона тоҷике буд, ки шахсан бо Ленин шиносоӣ дошт. Ӯ дар охирҳои соли 1922 яке аз имзокунандагони Эъломияи таъсиси СССР буд. Дар солҳои 1923-1924 ҳамчун сардори бюрои узбекони Бюрои осиёимиёнагии КМ ҲК дар умури тақсимоти миллӣ дар баҳсҳо бо қазоқҳо истодагарӣ кардааст, ки Тошканд ба ҳайати Узбекистон дохил карда шавад.

Раҳимбоев дар моҳи октябри соли 1924 исрор кардааст, ки ноҳияи Ӯротеппа ба ҳайати Узбекистон ҳамроҳ шавад. Дар он ҷаласа, ки яке аз тоҷикони дигар Чинор Имомови панҷакентӣ низ ҳузур дошт, қазоқтабори тошкандӣ Султон Сеғизбоев талош кардааст, ки Ӯротеппа ба тоҷикон дода шавад.

Дар маркази таваҷҷуҳи Раҳимбоев Туркистон ва Узбекистон буд. Тоҷикистон имрӯз сабаберо барои ифтихор кардан аз ӯ намебинад.

Абдураҳим Раҳимбоев дар ибтидои соли 1926 мавқеи худро аз даст дод ва аз ҳамаи мансабҳо барканор ва ба Маскав фиристода шуд. Ӯ дар онҷо баъди таҳсил дар мақомҳои начандон ҷиддӣ фаъолияти худро идома додааст.

Дар соли 1933 ба ҷои яке аз хуҷандиҳои дигар Абдураҳим Хоҷибоев, ки зери тозиёнаи танқид қарор гирифта буд, раиси Шӯрои комиссарҳои мардумии ҶСШ Тоҷикистон интихоб гашт, вале фаъолияти ӯ дар ин мақом дер давом накард. Раҳимбоев моҳи сентябри соли 1937 бо ҷурми хиёнат ба давлат ва терроризм боздошт ва ба Маскав фиристода дода шуд. “Тоҷики ленингаро”-ро 7 майи соли 1938 бо қарори Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олӣ паронданд.

Ленин дар Тоҷикистон аз худ чӣ осоре гузоштааст?

Ленин ҳеч гоҳ ба Осиёи Марказӣ наомадааст, вале аз “корҳои Туркистону Бухоро” огаҳ буда, дар солҳои 1919-1922 онҳоро бевосита раҳбарӣ кардааст. Вай ишора карда буд, ки кумаки пролетариати рус ба инқилобгарони маҳаллӣ “танҳо дар сурате мерасад, ки омодагӣ ба табаддулот пурра ба поён расида бошад”. Инқилоб дар Бухоро барои он муҳим буд, ки мехост исбот кунад, ки идея ва принсипҳои ҳокимияти Шӯравӣ умумимардумӣ ва ҳатто дар минтақаҳое, ки кормандони саноатӣ вуҷуд надоранд, аз ҳама ҷиҳат қобили иҷро ҳастанд.

Маҳз бо ташаббуси ӯ ҳизби ҷавонбухориёни Ҷадидиҳо дар солҳои 1918-1920 пайрави ҳизби коммунистӣ шуда, моҳи августи соли 1920 ба самти шӯриши мусаллаҳона равон шуд. “Инқилоб дар Бухоро” 2-юми сентябри соли 1920 бо супориши бевоситаи Ленин ва кумаки ҳампаймони вафодори у Фрунзе М. анҷом шудааст.

Ҳизби коммунистии Бухоро бо ташаббуси худи Ленин ва дархости коммунистони маҳаллӣ дар моҳи феврали соли 1922, дар авҷи босмачигарӣ ва шӯриши Анвар Пошшо ба ҳайати Ҳизби коммунистии Русия пайваста, умеду бовари бухороиҳоро барои ҳифзи Ҷумҳурии мардумии Шӯравии Бухоро барҳам зад.

Пайравии коммунистҳои бухороӣ аз иродаи Бюрои сиёсии Ҳизби коммунистии Русия роҳро барои “фурӯбарӣ”-и Бухоро ва ҳамроҳ кардани он ба ҳайати Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамвор сохт.

Барои тоҷикони имрӯз Бухорои солҳои 1920-1924 — туркпараст ва инкоркунандаи ҳуқуқи тоҷикон ба худмуайянкунӣ — бешубҳа, нисбат ба гузинаи дохилшавии он ба ҳайати СССР ва ташкили минбаъдаи Ҷумҳурии иттиҳодии Тоҷикистон камтар афзалият дорад. Ба хидматҳои Ленин комёбиҳои ӯро дар самти саноатикунонӣ ва бо барқ таъминсозӣ, ки то ба Тоҷикистон ҳам расидааст, метавон шомил кард. Таҳти раҳбарии ӯ соли 1920 нақшаи давлатии рушди бахши саноати энергетикӣ дар Русияи Шӯравӣ (план ГОЭЛРО) таҳия шудааст.

Шаршараи бузургтарин нерӯгоҳҳои барқӣ дар Вахш, бо шумули Норак ва Роғун ҷузъи ин нақша буданд. Агар Ленин намебуд, мо, ки аз гази табиӣ маҳрумем, имрӯз наметавонистем хонаҳоро гарм кунему хӯрок пазем ва ҳатто ба Афғонистон барқ фурӯшем. Рушди стратегии Тоҷикистон ва иқтисоди онро ҳамчун як кишвари аграрию саноатии дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ Ленин муайян кардааст.

Ҳамчунин дар маҳви босмачиҳо Ленин нақши калидӣ бозидааст. Ба гуфтаи Ленин, босмачиҳо монеи тезонидани замонависозии минтақаҳои дурдасти мусулмоннишин буданд ва бинобар ин, бераҳмона саркӯб карда шуданд. Ӯ босмачиҳоро узви ҳаракати зиддиинқилобии истисморгарон ва рӯҳониёни маҳаллие медонист, ки ҷонибдори Англия буданд. Ленин ба рушди забонҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир кардааст. Ӯ ҷонибдори баробарии забонҳо ва зидди таъйини забони русӣ ҳамчун забони ҳатмии давлатӣ буд.

“Ягон бартарӣ ба ягон миллату забон!”, - навиштааст ӯ дар асари худ бо номи “Оё забони ҳатмии давлатӣ муҳим аст?” (1914).

"Ленин -- бародар"?

Дар саргаҳи низоми сиёсии шӯравии комилан тоталитарӣ доҳӣ меистод ва бешубҳа дар давоми тамоми солҳои ҳокимияти Шӯравӣ ин доҳӣ Ленин буд. Ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ барои қонунигардонии мақоми худ ба иртибот бо Ленин ниёз доштанд. Идеологҳои Шӯравӣ ба далели холигиҳои ба вуҷудомада дар натиҷаи тамоси шахсӣ надоштани тоҷикон бо Ленин ба ҷонибдорони доҳӣ, ки давоми солҳои 1918-1922 ҳамчун намояндаи раҳбари шӯравӣ ба Осиёи Марказӣ фиристода мешуданд, мақоми махсус медоданд.

Таърихнигорон ин гурӯҳро, ки дар адабиёти ҳизбӣ ҳамчун “фиристодаҳои Ленин” маъруфанд, барои эҷоди афсона дар бораи робитаҳои пурмаънои Ленину мардуми шӯравӣ, аз ҷумла тоҷикон истифода кардаанд. Гузашта аз ин, Ленин на ҳамчун рус ё православ, балки ҳамчун пешвои фаромиллии оммаи мазлуми тамоми сайёра муаррифӣ карда шудааст.

Фиристодаҳои Ленин аз қабили А.Кобозев, Ш.З. Элиава, В.В. Куйбишев, И.Е. Рудзутак, М.В. Фрунзе, Н.Лепешинский, В. Ногин, С.И. Гусев, Г.К. Орджоникидзе ва дигарон узви комиссияи Туркистон, бюрои Туркистон ва бюрои Осиёи Миёна буданд. Баъд аз вафоти Ленин аз харизмаи ленинӣ дар солҳои 1930–1940 ҷонибдорони Сталин бархӯрдор шуданд. Ҳамаи ин дар ҷойномҳо инъикос шудааст.

Дар харитаи ҷумҳурӣ дар баробари Сталинободу Ленинобод, номҳои дигаре аз қабили Орҷоникидзеобод, Кагановичобод, Молотовобод, Бауманобод, Калининобод, Ворошиловобод, Микоянобод, Куйбишев ва дигарон пайдо шуданд. Дар Тоҷикистон то аввалҳои соли 1990 беш аз 10 колхоз бо номи Жданов вуҷуд дошт.

Идомааш рӯзи душанбе, 22-юми январ, нашр мешавад

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG